Деҳқонон як сол аз супоридани андоз озод карда мешаванд. Ин ба соҳа чӣ суде меорад?

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кишоварзони кишвар ба муҳлати як сол аз супоридани андози замин озод карда шуданд. Амри мазкур харҷи кишоварзонро андаке кам кард, аммо мушкилоти асосии онҳо ҳалли худро ноёфта боқӣ мемонад.

Кумитаи андози Тоҷикистон дастурамал интишор намуд, ки тибқи он ба мақомоти минтақавӣ супориш дода мешавад, ки аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли 2021 пардохти ягонаи андоз талаб карда нашавад.

«То таҳия ва дар амал ҷорӣ намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, мақомоти ҳудудии андоз уҳдадор мебошанд, ки барои ба миён наомадани баҳсҳо ва нофаҳмиҳо байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон, байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд», - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Ҳамзамон, Кумитаи андоз хотиррасон мекунад, ки озодкунӣ аз супоридани андоз андозсупорандагонро аз пешниҳоди эъломияҳои андоз ва дигар андозҳое, ки Кодекси андоз пешбинӣ кардааст, озод намекунад. Масалан, кишоварзон инчунин тибқи қонунгузорӣ андози иҷтимоӣ ва андози соддакардашударо дар ҳаҷми 6% пардохт хоҳанд кард.

Боиси қайд аст, ки ба деҳқонони аллакай андози заминро моҳи январи соли 2021 пардохт кардаанд, ин маблағҳо ҳангоми пардохти андозҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

Бори дигар қайд мекунем, ки имтиёзи мазкур ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дахл дошта, боқимонда заминистифодабарандагон, ки нисбати онҳо низоми умумии андозбандӣ татбиқ мегардад, минбаъд низ андозро мувофиқи Кодекси андоз пардохт хоҳанд кард.

Боиси ёдоварист, ки андози ягонаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми аз 156 то 200 сомонӣ барои як гектар муқаррар карда шудааст.

Деҳқонон аллакай ҷиҳати мусбати онро ҳисоб карда истодаанд

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода қайд намуд, ки аз ҳисоби озод шудан аз андози замин, кишоварзон наздики 256 миллион сомонӣ сарфа мекунанд.

Ба фикри ӯ, агар маблағҳои номбурда барои харидани нуриҳои минералӣ истифода шаванд, онҳо даромади иловагӣ оварда, шуғли аҳолиро дар хоҷагии кишоварзӣ афзун менамоянд.  

Раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонию фермерии Тоҷикистон Азизбек Шарифов қарори мазкурро барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ кўмаки хеле муҳим мешуморад.

Ин ба пасттар шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад, зеро маблағҳои сарфашударо барои харидани нуриҳо ё воситаҳои муҳофизатӣ истифода бурдан мумкин аст, ки дар натиҷа ҳосилнокӣ бештар мегардад », - афзуд ӯ.

Маматқул Шоймардонов, ки бо деҳқонӣ машғул аст, мегӯяд, ки ў 10 гектар замин дорад.

“Аз ҳисоби озодшавӣ аз супоридани андоз, ман соҳиби 2 ҳазор сомонии иловагӣ хоҳам шуд. Ба ин маблағ ман 10-12 халта нуриҳои минералӣ мехарам ”, - ба нақша гирифтааст ӯ.

Сабзавоткор Валиҷон Абдуғаниев соҳиби 2 гектар замин мебошад. Вай аз андоз танҳо 400 сомонӣ сарфа карда метавонад.

«Дар аввал ин ба назар кам менамояд, вале агар онҳоро барои харидани нуриҳо сарф намоем, дар ниҳоят ҳосили иловагӣ ба даст оварда, аз як сотих  боз 1000 сомонӣ ба даст овардан мумкин аст. Ҳамин тавр, ин барои ба даст овардани фоида таъсири мусбат хоҳад расонд», - пешбинӣ менамояд ӯ.

Бино ба гуфти директори Пажӯҳишгоҳи кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Раҳмон Саидзода, озодкунӣ аз пардохти андози ягонаи замин дар соли 2021 қарори хеле муҳим ва саривақтии ҳукумат мебошад. «Ин барои бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кардани аҳолӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулоти хўрока  мусоидат хоҳад кард» - меҳисобад ӯ.

Аммо мушкилоти дигар ҳалли худро ноёфта боқӣ мемонанд

Ба гуфтаи коршиносон ва худи деҳқонон, кормандони соҳаи кишоварзӣ мушкилоти дигаре низ доранд, ки диққати бештарро талаб мекунанд - пеш аз ҳама, ин таъминнамоӣ бо тухмиҳои хушсифат мебошад. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурӣ зиёда аз 90 хоҷагии тухмипарварӣ фаъолият доранд, ва онҳо талаботи кишоварзонро ҳатто ба андозаи 50 фоиз таъмин карда наметавонанд.

Зиёда аз 90 фоизи хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ техникаи муосири кишоварзӣ надоранд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ деҳқонон то ҳол заминро бо ёрии ҳайвонот шудгор мекунанд.

Арзиши сӯзишвории дизелӣ имрӯз барои як литр 7-8 сомониро ташкил медиҳад, ки ин барои заминдорон басо гарон аст.

Нархи нуриҳои минералии асосӣ - селитра ва карбомид дар Тоҷикистон ҳамарӯза афзоиш меёбад. Дар ин робита, деҳқонон дар изтироб буда, дар бораи назорати нарх дар оғози мавсими кишту кор сухан меронанд.

Иншооти обёрӣ ва каналҳо дар ҳолати ҳузновар қарор доранд, ба киштзорҳо об барои  обёрӣ намерасад. Барои ислоҳи ин мушкилот, ба гуфти директори Агентии мелиоратсия ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, ба Ҷумҳурӣ ҳадди аққал 750 миллион доллар лозим аст.