Суғд: Дар 287 гармхонаҳо сабзавот парвариш карда мешаванд

Соли гузашта дар вилояти Суғд 456 гармхона фаъолият доштанд, ки дар 287 адади онҳо  сабзавот парвариш мекарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти гармхонаи «ММК Агро» оид ба парвариши помидор шинос гардид. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти маъмурияти вилоят, айни замон дар гармхонаи мазкур 25 нафар мутахассисон кор мекунанд. Худи гармхона дар майдони 2 гектар замин ҷойгир гардида, он ба 2 қисм - гармхонаҳои гидропоникӣ ва органикӣ тақсим карда шудааст.

«Дар баробари помидор ва бодиринг, дар гармхонаҳои «MMK Агро» корҳо оид ба парвариши қаламфури булғорӣ пеш рафта истодааст. Таҷҳизоти гармхона аз Кореяи Ҷанубӣ оварда шудаанд. Ширкат тасмим гирифтааст, ки майдони гармхонаҳоро то ба 10 гектар расонад », - иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти расмӣ, соли 2020 дар вилояти Суғд 456 гармхона фаъолият доштанд,  ки аз онҳо 287 гармхона барои парвариши сабзавот ва 169 гармхона барои парвариши лимӯ ва гулҳои ороишӣ истифода шуданд.

Ҳамзамон, бино ба иттилои сомонаи agroinform.asia/tj, дар бозорҳои Хуҷанд бодиринг бо арзиши 12 сомонӣ, помидори маҳаллӣ бо нархи 14 сомонӣ, қаламфури булғорӣ 35 сомонӣ барои як килограм фурӯхта мешаванд.