Семинар барои кишоварзон

12 – 14 апрели соли 2021 дар якҷоягии Вазорати моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзони Тоҷикистон дар доираи барномаи “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB) дар боғи суперинтенсивӣ ва гармхонаи инноватсионии ширкати Витаминҳои Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Спитамен семинари вилоятӣ бо иштироки фермерон ва мутахассисон баргузор гардид. Дар семинар тарзи парвариши зироатҳои полезӣ (сабзавотӣ) дар гармхонаҳо ва бунёду нигоҳубини боғҳои суперинтенсивӣ барои иштирокчиёни семинар баррасӣ гардид.