Дар бораи Ассотсиасия

Муроҷиати директори Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон Фирӯз Абдунабиев

АВВАЛИН АССОТСИАТСИЯ ДАР САМТИ КЛАСТЕРИКУНОНИИ ХОҶАГИИ ДЕҲОТ ДАР ТОҶИКИСТОН

Хуш омадед ба Ассотсиатсияи Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон!

Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон - иттиҳодияи ихтиёрии ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии кишоварзон, деҳқонон, истеҳсолкунандагон, таҳвилкунандагони ашёи хом, масолеҳ ва нуриҳои минералӣ, кишоварзон, коркардкунандагон ва содиротчиёни соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки дар асоси ягонагии манфиатҳо ва бо назардошти татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои умумӣ, ба рушди соҳаи кишоварзии кишвар мусоидат менамояд. 

Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон - платформаест, ки бо мақсади таъмини баробарӣ, озодии баён намудани фикру ақида ва манфиатҳо, муттаҳидсозии намояндагон ва амалҳои онҳо, барои ноил шудан ба манфиатҳои умумии аъзоён, барои муттаҳид сохтани иштирокчиёни бахши кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода  шудааст.

РИСОЛАТИ МО

Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон - Рисолати мо беҳтар намудани сифати зиндагии кишоварзони тоҷик тавассути муттаҳидсозии онҳо, пешбурди манфиатҳои онҳо ва кӯмаки ҳамаҷониба дар таҳкими бахши кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

АРЗИШҲОИ МО

  • Соҳибкасбӣ
  • Баробарҳуқуқии аъзоён ва муносибатҳои хайрхоҳонаи байни аъзоёни АИМКТ (АПАТ)
  • Ростқавлӣ, малакаи риояи вақту муҳлати таъиншуда ва боварии аъзоёни Ассотсиатсия
  • Рақобати солим
  • Шаффофияти фаъолияти Ассотсиатсия
  • Муносибати воқеъбинона нисбати ҳамаи иштирокчиён
  • Субот ва рушди иштирокчиёни Ассотсиатсия

АССОТСИАТСИЯИ КИШОВАРЗОН БА ШУМО ЧӢ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯД?

  • Машварати ройгон дар давоми сол оид ба зироатҳои парваришшаванда
  • Дастрасӣ ба таҷрибаи кишоварзони маҳаллӣ ва хориҷӣ
  • Дастрасӣ ба маълумотномаҳо, китобу маҷаллаҳои соҳавии ватанӣ ва хориҷӣ
  • Дастрасии пайваста ба иттилооти инноватсионӣ оид ба хоҷагии деҳот
  • Дастрасӣ ба дастаи беҳтарин соҳибкасбони соҳавии маҳаллӣ ва хориҷӣ
  • Маълумоти ройгон
  • Имконияти савдои байналмилалӣ
  • Имконияти иштирок дар семинар, конфронс ва намоишгоҳҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ
  • Кафолати харида шудани маҳсулоти Шумо

Номгӯи Ассотсиатсияро муаррификунанда

Зекашӣ кунед