Семинари омўзишӣ

Дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бозомӯзии роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзиро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар давраи зимистонаи соли 2021, бо иштироки Муовини раиси вилоят, намояндагони Сарраёсати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Спитамен, Ашт, Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Зафаробод, Конибодом, сардорони хоҷагиҳо ва мутахассисони соҳаи кишоварзии вилояти Суғд  баргузор намуданд.

Олимон ва мутахассисон дар маърўзаҳои худ оид ба бунёди боғҳои замонавӣ (интенсивӣ) ва технологияи парвариши онҳо, фарҳанги истифодабарии заминҳои корам ва мелиоратсияи онҳо, технологияи кишт ва парвариши картошкаи барвақтӣ, мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасони кишоварзӣ, ҳолати имрӯзаи иқтисодиёти соҳаи кишоварзии вилояти Суғд ва зарурияти рушди инноватсионии он, инчунин дигар масъалаҳои муҳимро шарҳ доданд.

Дар рафти бозомузӣ иштирокчиён бо фаъолият, мақсаду вазифаҳои Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон шинос шуданд.